zoofirma.ru

Бахшида ба 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеъ шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ кормандони корхонаву ташкилот, ташкилоту муассисаҳо, сокинон фаъолона ширкат варзида, дар ободониву кабудизоркунии маҳалли зист саҳми худро гузоштанд.

Аз ҷумла, намояндагони муассисаву ташкилотҳо ва сокинони маркази шаҳр якҷоя бо кормандони КВД ХМК-и шаҳр дар кӯчаи марказӣ, маҳаллаҳо, гулгаштҳо, минтақаи истироҳатӣ, соҳили обанбори “Баҳри тоҷик”, даромадгоҳи шаҳр ва атрофи хонаҳои баландошёна ниҳолу гулҳои гуногуни ороишӣ шинонида, дар хуррамгардонии шаҳр нақши худро гузоштанд. Шанбегӣ ибтидо аз даромадгоҳи ғарбии шаҳр - шаҳраки Сирдарё оғоз гардида, то ҳудуди минтақаи истироҳатӣ ҷараён гирифта, ба як маъракаи фараҳбахши тозакориву ободонӣ табдил ёфт. Ҳамагон бо азму нияти нек ва бо умеди сарсабзии диёр гирду атрофро тоза намуда, ба беҳдошти маҳалли зист машғул гардиданд.

 

Дар дигар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоати шаҳракҳо ва мавзеъҳои шаҳр низ чунин ободониҳо суръат гирифта, сокинон дар сарсабзу хуррам ва тоза намудани маҳалҳои истиқоматӣ, кӯчаву гулгаштҳо саҳмгузорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон