zoofirma.ru

17 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон боздид намуда, бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳрак мулоқот кард.

Ёдовар мешавем, ки шаҳраки Зарнисор аз шаҳри Хуҷанд  беш аз 100  километр дур, дар  доманаи   қаторкӯҳҳои Қурама воқеъ аст  ва  аз замонҳои қадим бо маъданҳояш машҳур мебошад. Имрӯзҳо дар шаҳрак 2800 нафар умр ба сар мебаранд ва дар он 3 мактаб, 1 кӯдакистон ва 1 беморхона мавҷуд аст. Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои иҷтимоии шаҳрак мунтазам лавозимоти зарурӣ дастрас гардида, сокинон бо шукргузорӣ аз фазои оруми осудаи Ватани соҳибистиқлол кору зиндагӣ доранд.

 

Раиси вилоят зимни мулоқот бо табибони беморхонаи ҷамоат барои фаъолияти пурсамарашон дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ изҳори сипос намуд.

Зикр гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон бояд ҷоннок карда шавад ва ҳар як шахс қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набарояд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд