zoofirma.ru

Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июл Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мегардад.

Бахшида ба ҷашни касбии оташнишонон дар майдони қисми мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода кормандони хадамотро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода муборакбод намуд. Сипас намояндаи Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд майор Султон Исмоилов ва сардори ҚМ 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳри Гулистон подполковник Насимҷон Сулаймонзода кормандонро бо иди касбӣ шодбош гуфтанд. Зикр гардид, ки соли 1928, яъне 92 сол муқаддам 30-юми июл Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Хадамоти оташнишонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1-уми апрели соли 1929 таъсис ёфтааст. Аз солҳои 30-юм сар карда дастаҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳои Ленинобод (Хуҷанд), Конибодом, Панҷ, Исфара ва Уротеппа таъсис ёфтанд. Соли 1936 дар пойтахт дастаи дигари оташнишонон созмон дода шуда, худи ҳамон сол дастаҳои дигари оташнишонӣ дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ низ таъсис ёфтанд.

Дар шаҳри Гулистон қисми оташнишонӣ соли 1963 таъсис дода шуда, алҳол дар ин қисми оташнишонӣ сӯхторнишонони соҳибтахассус фаъолияти пурсамар доранд. Қисми мазкур бо таҷҳизот ва техникаҳои муосир ҷиҳозонида шуда, кормандони ин ниҳод ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар иншооти хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин ва хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аз ҳама муҳимаш он ҷойҳое, ки кӯдакони мо тарбияву таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд менамояд.

Сипас дар вазъи тантанавӣ ба собиқадорони соҳа, инчунин ба афсарону хизматчиёни пешоҳанги қисми сӯхторнишонӣ сипосномаву туҳфаҳо барои хизмати шоиста супорида шуданд.