zoofirma.ru

Дар тӯли таърих борҳо собит шудааст, ки душманони сиёсӣ бо роҳу воситаҳои гуногун кӯшиш менамоянд, ки манфиатҳои шахсии хешро соҳиб шаванд. Барои иҷрои ин амал онҳо аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонанд ва омодаанд пасттарин ва зишттарин амалро ба ҳар шахс ё ҳар ҷомеаву ҳар давлат раво бинанд. Дар ин миён ба онҳо ҷосусону хиёнаткорон кумак мерасонанд ва бар иваз музди ночизеро соҳиб шуда, мисли “паразитҳо” мехоҳанд зиндагӣ кунанд. Баъзан шудааст, ки аз ба поён расонидани хизмати амалдорон он шахсони пастфитрат ба ҳамон музди ночиз ҳам даст наёфта ҳабс ё ба қатл расидаанд. Дар ин миён ба ъҳсоси мардум бисёр таваҷҷуҳ мешуд ва яке аз ин равишҳо истифода дин ба ҳисоб меравад. масалан Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бо баҳонаи паҳн намудани дини ислом танҳо ба ғоратгарӣ машғул мешуд ва 15 маротиба лашкар кашиданаш ба як халқи бечораи Ҳиндустон гувоҳӣ ин гуфтаҳост.

Чуноне ки зикр меравад аз назари коршиносон, яке аз сабаб ва омилҳои хусусияти сиёсӣ касб кардани дин дар ҷаҳони ислом, бахусус дар кишварҳои навистиқлоли Осиёи Марказӣ, ки ҳанӯз давлатҳои рушдкунанда ба ҳисоб мераванд, ин муборизаи давлатҳои абарқудрат ба мақсади дар зери нуфузи худ ворид сохтани ин кишварҳо мебошад. Мамлакатҳои қудратталаб барои васеъ намудани доираи манофеи геополитикии худ аз роҳу усулҳои мухталиф, аз таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротгароӣ дошта ва интиқоли онҳо ба кишварҳои мусалмонӣ ва аз тариқи онҳо ба вуҷуд овардани низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар ин кишварҳо замина фароҳам оварданӣ мешаванд.

Чунки ба вуҷуд овардани вазъи ихтилофноки динӣ-сиёсӣ истифода кардан аз эътиқоди динии мардум роҳи аз ҳама осонтар ва ба матлаб наздиктар аст ва таърихан усули санҷидашуда низ мебошад. Сиёсисозии дин ҳамеша ҳамчун омили афрӯхтани низоъҳои динию мазҳабӣ, этникӣ-миллӣ ва бархурдҳои сиёсӣ хизмат карда ва монеа дар роҳи таҳкиму рушди давлати миллӣ ва умуман ваҳдати мусулмонон будааст. Ҳизбу ҳаракатҳо аз тариқи сиёсисозии ислом кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳокимияти сиёсиро ғасб намуда иродаи худро ба амал бароранд. Вобаста ба он, ки кадоме аз ин ҳизбу ҳаракатҳо имконияти ба сари қудрат омадан доранд, давлатҳои абарқудрат ин ҳизбу ҳаракатҳоро пуштибонӣ карда, тавассути онҳо нақшаҳои геополитикии худро дар ин ё он минтақа амалӣ месозанд. Дар чунин шароит сиёсисозии дин ва дар ин замина барангехтани низоъҳои динӣ-сиёсӣ барои давлати миллии рушдкунанда хеле хатарзо мебошад.

Ин моҷарои домангир домани кишвари моро низ гирифтааст. Ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо роҳи истифода аз дин ва такягоҳи бузург муаррифи намудани худ ба шахсони масъули динӣ раъй дода онҳоро водор сохтанд, ки кишварро ба домани ошӯб кашанд ва ин фурсат истифода бурда аз пайи амалҳои ғаразноки худ гарданд. Ҳамин тавр ҳам шуд, ҳодисот ва воқеоти зиёди нангин рух дод, ки ба забон оварданашон душвор аст ва аз ин, ки суд бурд? Душманони халқи тоҷик!

Хушбахтона, бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон домани кишвар аз он моҷароҷӯён раҳо карда шуд ва халқ дами осуда кашиданд. Ин буд, ки минбаъ кишвари мо рӯ ба тараққӣ ниҳод ва имрӯз аз дидани манзараҳои зебо ва ободкориҳои боварнакарданӣ дар ин муддати кӯтоҳ шахс ба ваҷд меояд ва мегӯяд: “Ватан ман туро чени ҳаво дӯст медорам”.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

сармутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон