zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода вохӯрии узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ бо масъулини баргузории яке аз рўйдодҳои муҳим ва тақдирсози мамлакат - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.

Мулоқотро Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ намуд. Сипас узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ва коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ доир ба ҷараёни омодагӣ ва раванди маъракаи муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки маъракаи интихобот ягона маъракаест, ки дар он ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ин ё он маҳал ва дар маҷмўъ, тамоми мамлакат ҳамчун меҳвари асосии гуфтугўи ошкоро қарор мегирад. Дар ин мубоҳисаҳо намояндагони ҳамаи табақаю гурўҳҳои иҷтимоӣ иштирок мекунанд ва он яке аз роҳҳои изҳори ошкорои афкори ҷамъиятӣ мебошад.

 

Хуллас, маъракаи интихобот шакли муҳимтарини демократияи бевосита буда, дар он худидораи халқ ҳарчӣ бештар зоҳир мешаванд. Низоми интихобот ва заминаю усулҳои он, инчунин корҳои ташкил ва анҷоми он намунаи беҳтарини демократия аст. Вобаста ба он ки то кадом дараҷа интихобот кушод, дар асоси ошкорбаёнӣ, муташаккилона ва озодона мегузарад, ба низоми демократия дар ин ё он мамлакат баҳо дода мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кардааст. Аллакай дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо маводҳои иттилоотӣ-тарғиботӣ марбут ба баргузории маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардидааст.