zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба 70 нафар ятимони кул, кӯдакони бепарастор ва мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат сару либоси мактабӣ ва ба 26 нафар ҷувздон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар якҷоягӣ бо соҳибкорон тақдим карда шуд.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода хонандагонро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода табрик гуфта, бо оғози соли хониш ба онҳо таҳсили хубу аъло таманно намуд.

 

Таъкид шуд, ки фарзандони ятим ва камбизоат дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндасози ҷомеа пайваста ғамхорӣ ва дастгирӣ менамоянд.