zoofirma.ru

Тарғиби оиладорӣМаҳфили навбатии «Оилаи тифоқ» дар шаҳрак баргузор шуд. Муслимахон Исоқова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр оид ба муқаддасоти оила, пойдории он, пешгирии никоҳи бармаҳал ва сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ҳарф зад. Оилаҳои Ҷумъаевҳо, Ахмедовҳо ва Қосимовҳо аз ҳаёти тӯлонии якҷоя, роҳҳои дурусти тарбияи фарзанд ва муоширати боэҳтиромона байни аъзоёни оила ба иштирокдорони чорабинӣ нақлҳои муфид намуданд.

Қироати пораҳои шеърӣ аз тарафи толибилмони макотиби шаҳрак анҷомбахши қисми ниҳоии маҳфил гардид.