zoofirma.ru

Тибқи нақшаи Ситоди шаҳрӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинон ва меҳмонони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

Дирӯз низ корҳои безарагардонӣ бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии дастаҳои махсуси тамизгардонӣ корҳои безараргардонӣ дар минтақаи истироҳатӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва буҷавӣ, кӯчаву гулгаштҳо ҷараён гирифт. Корҳои тамизгардонӣ нахуст дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву истироҳатҷойҳо, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, марказҳои савдо ва монанди ин ба роҳ монда шуд.

Чунин амалиёт дар шаҳракҳои тобеъ низ тибқи нақшаи ситод вусъат дода шуда истодаанд.