zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” баргузор гардид.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои навозандагӣ ва сарояндагӣ ба вуқӯъ пайваста, иштирокчиён аз рӯи се жанр:анъанавӣ, эстрадӣ ва академӣ маҳорат ва малакаи ҳунармандии онҳо санҷида шуд. Зикр бояд кард, ки иштирокчиён дар номинатсияи навозандагӣ дар интихоби асари мусиқӣ, техника ва дилнишинии сабки навозандагӣ, самимият, маҳорат ва услуби ҳунари худро ба ҳакамон манзур намуданд.

Дар ин номинатсия ҳунарнамоии иштирокчиён Жасмин Мадаминова, Ёсуман Толибова, Таҳмина Камолова, Абдувоҳид Холматов, Дмитрий Шомаҳмадов, Абдураҳим Абдураҳимов, Шарофат Алланазарова, Ҷамшед Юсупова, Муҳаммадалӣ Бозоров ва монанди инҳо ба ҳакамон ва тамошобинон хеле писанд омад. Дар номинатсияи сарояндагӣ (дар се жанр) хушовозӣ, самимият ва маҳорати иштирокчиён Шоҳона Каримова, Худобахш Қаҳҳоров, бародарон Самандар ва Азамат Тиркашевҳо, Мирзои Меҳрубон, Шоира Усмонова, Паҳлавон Усмонов, Мирмаҳмад Нуров, Ҳусейнбой Муродов, Парвиз Ашӯров, Раҷаб Эркаев, Хуршед Тухтаев тибқи талаботи озмун сурат гирифта, онҳо лоиқи холҳои баланд гардиданд.

Дар ҷамъбасти озмун ба ғолибон дипломҳо супорида шуд.