zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин ва ҷомеаи шаҳрвандии шаҳр бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар филми мустанади «Хиёнат» фаолияти ифротгароёнаи гурӯҳу равияҳои динӣ, сӯистифода ва ғаразҳои сиёсии онҳо аз арзишҳои диниву мазҳабӣ ба таври ошкоро тазаккур дода шудааст. Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки солҳои 90-уми асри гузашта замони нооромиҳои сиёсӣ саркардагони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ, худро ба ном «ҳомии дин» нишон дода, дар асл мардумро ба доми макру фиреби худ афканданӣ буданд, хеле бо далелу арқом ва ҳуҷҷатҳои раднопазир амалҳои манфури наҳзатиҳо дар филм нишон дода шудааст.

Баъди тамошои филми мустанади «Хиёнат» конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Хиёнат ба миллат. Тарғиби ғояи инқилоби исломӣ ба хотири расидан ба қудрати сиёсӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ» бо иштироки масъулини соҳа, раисони маҳаллаҳо ва ходимони дини шаҳр гузаронида шуд.

Дар конференсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Сӯҳроб Тоиров, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Наимҷон Шарифов, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи «Имом Бухорӣ»-и маркази шаҳр Муҳаммадҷон Усмонов доир ба мавзӯъҳои «Аз даъвои қудрат то хиёнат ба миллат. Ифшои симои аслии ТЭТ ҲНИ», «Хиёнат ба миллат. Тарғиби ғояи инқилоби исломӣ ба хотири расидан ба қудрати сиёсӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ», «Огоҳии ҷавонон аз равияҳои диниву экстремистӣ», «Покизагӣ – нишони имонгузорӣ» маърӯзаҳо намуданд.

Зикр гардид, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҷавононро дар рӯҳияи ватандориву хештаншиносӣ тарбия карда, ғояҳои миллӣ – ваҳдати миллӣ ва таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро тарғибу ташвиқ намуда, ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ шуғл варзида, ободии Ватани соҳибистиқлолро мароми фаъолияти ҳамарӯза бояд қарор дод.

Иштирокчиёни конференсия Эркин Рӯзиматов имомхатиби масҷиди ҷомеаи шаҳраки Адрасмон, Муҳрулло Иноятов масъули бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати шаҳраки Зарнисор доир ба мавзӯи ҳамоиши илмӣ-амалӣ ибрози андеша намуданд.