zoofirma.ru

Маҳфили адабӣ – бадеӣ30 сентябр дар шаҳраки Зарнисор бахшида ба 808-солагии шоир Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили адабӣ-бадеӣ доир гардид.

Раиси Ҷамоати шаҳрак Шаҳло Шарифова аҳли ҷамъомадагонро ба Рӯзи Мавлоно шодбош гуфт. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Гулрабо Ҷабборӣ таҳнияти Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир мудири бахши кор бо занон ва оила Муслимахон Исоқова баромад намуд. Аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрак намоиши саҳначаҳо, қироати қисса ва шеърҳо бо маҳорату истеъдоди баланд намоиш дода шуд.