zoofirma.ru

Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми августи соли 2020, № 102 “Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуд.

Дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” ҳавзаи интихоботии Гулистон № 29 бо фарогирии ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ – шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он - Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё ва Навгарзан, бо қароргоҳ – дар бинои Мактаби санъати шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол – 44а ва шумораи пешакии интихобкунандагон – 24162 нафар ташкил гардид.

Барои фаъолияти пурсамар ва бонизоми комиссияи ҳавзаи интихоботӣ тамоми шароиту имкониятҳоро, таҷҳизоту лавозимот ва маводҳои зарурии тарғиботӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, доир ба баргузории чорабинии муҳим ва тақдирсози сиёсӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо навиштаҷоту овезаҳо ва тоблуҳо оид ба баргузории маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шудаанд.