zoofirma.ru

Устодону омӯзгорони арҷманд!

Чун анъана рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр дар тамоми гӯшаю канори кишвари азизамон иди касбии муаллимон – Рӯзи омӯзгорон бо тантана ва шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Боиси ифтихор аст, ки таҷлили иди касбии омӯзгорон, ки такягоҳи асосӣ ва тарғибгарони боэътимоди сиёсати давлату Ҳукумат маҳсуб меёбанд, ба рӯзҳое рост омад, ки мардуми шарафманди кишвар  ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзҳои поягузорони адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Иди саиди Қурбон ва Рӯзи забони давлатиро таҷлил намуданд.

Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия вобаста аст.

Ҳарчанд тарбияи насли наврас вазифаи асосии мактаб, муаллим, падару модар ва ҷомеа аст, дар иҷрои ин амал нақши муаллим ва мактаб хеле бузург аст. Бо назардошти муҳимияти масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

«Мо бояд пойдевори фардоро имрӯз гузорем, кадрҳои баландихтисосу ватанпарвар тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо ва фарзандони мо каси дигар обод намекунад».

Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид ва дар ин қонун нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шудааст. Тибқи ин қонун, ба омӯзгорон имтиёзҳои зиёд пешбинӣ шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум яке аз самтҳои фаъолиятро бар он равона намудааст, ки ғамхорӣ дар ҳаққи муаллимро дар мадди аввал гузорад. Дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа бедор намудани мафҳуми он, ки муаллим фаъолу пешсафи ҷамъият, маслиҳатгару раҳнамои шаҳрвандон аст, тақозои замон мебошад. Яъне, бо як сухан, бояд обрӯ ва манзалати омӯзгорро баланд бардорем.

Бо камоли эҳтиром дар ин рӯзи фарахбахш кулли омӯзгоронро бо иди касбиашон аз самими дил табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори пурнишот ва дар фаъолияти пуршарафашон муваффақиятҳои беназир хоҳонам.