zoofirma.ru

Ҷашни маҳбубтарин шахси ҷомеаДар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгорон эътироф шудааст ва чун рамзи эҳтирому эътиқод ва сипосмандӣ нисбат ба роҳбару раҳнамои маънавии аҳли ҷомеа таҷлил мегардад. Омӯзгор, воқеан ҳам, мақому мартабаи баланд дорад ва бархурдор  аз эҳтироми ҳамагон аст.Аслан, бузургдошти омӯзгор барои халқи фарҳангсолори тоҷик анъанаи дерин буда, ба ин, ситоишномаҳои зиёди адабиёти пуровозаву ғаноатмандамон гувоҳӣ медиҳанд. Бузургони илму адаби тоҷик омӯзгорро «чароғи рӯзгор»-у «машъали хирад» ва «махзани маърифат»-у «ояндаи миллат» номидаанд.

1-уми октябр дар Кохи Истиқлол тантанаи Рӯзи омӯзгор ба вуқуъ омад. Ҳамоиши идона бо шодбошии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ифтитоҳ ёфт. Зимни баромад Раиси шаҳр ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба соҳаи маориф афзалият бахшидаанд ва дар ин замина, омӯзгорро маҳбубтарин шахси ҷомеа донистанд.

Гузашти айём, равандҳои ҷаҳони муосир ва масъулият баҳри имрӯзу фардои миллат дар назди ҳар кадоми мо вазифаҳои боз ҳам бештар масъулиятбору ҷиддитареро мегузоранд. Омӯзгоронро мебояд, ки ҳамеша ҳамқадами замон бошанд, сифату сатҳи таълиму тарбияро пайваста баланд бардоранд, усули фаъоли таълимро корбаст намоянд ва барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани таҳсилот кӯшиш ба харҷ диҳанд, - иброз дошт Матлубахон Амонзода.

Сипас ба 40 нафар омӯзгорони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр супорида шуд.  Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф Насиба Халифаева бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ қадр гардид.

Барномаи консертии ҳунарварони бахши фарҳанг бо баромади толибилмони макотиби маркази шаҳр дар ситоиши устоду омӯзгор оғоз ёфт ва шукуҳи тантанаи идонаро таронаҳои дилангезу рақсҳои дилпазир шаҳомати тоза бахшид.