zoofirma.ru

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо иштироки фаъолон ва пешоҳангони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Савзаалӣ Назирзода гулистониёнро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон шодбош намуд.

Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суѓд Муҳаммадӣ Давлатов табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури ҳамагон намуд. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳозиринро бо ҷашни ҳумоюни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Зикр гардид, ки бисту нуҳ сол аст, ки мамлакати мо ва халқи баору номуси он аз нури хуршеди истиқлолият баҳравар аст ва туфайли ин дастоварди бузург дар роҳи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерӯмандтарин муҳофизи истиқлолияти кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Бо дарки ин масъулияти бузург давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар партави сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллат то ба имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бомайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созад.

Шаҳри Гулистон дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва соҳаи туризм нақши арзандаи худро касб намудааст. Дар давраи 29 соли соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон аз 13 корхона то имрӯз ба 35-то расида, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ низ аз 13 адад ба 64 номгӯй баробар шудааст. Агар 29 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, дар соли 2019 ин нишондиҳанда ба беш аз 3,2 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса қариб 360 маротиба зиёд шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи беш аз 20 корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон иштироки бевосита дошта, баҳри боз ҳам пешрафти соҳаи саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой, корхонаи муштараки «Апрелевка», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Фаровон-1», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Сахо и К», коргоҳи нав дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маҳмуд и Компания», осоишгоҳи «Баҳористон», маркази ташхисиву табобатии ба номи Закариёи Розӣ, маркази «Манижа», майдонҳои Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактаби санъат, кӯдакистони “Парасту”, корхонаи “Мурғи аълосифат”, коргоҳи қоѓазбарорӣ ва монанди ин. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳрамон низ ба кулли дигаргун гардида, боѓу гулгаштҳо ва корҳои ободониву сабзкориҳо рӯз то рӯз тақвият ва густариш меёбанд, ки ин ҳама аз файзу баракати Истиқлолият мебошад.

Сипас дар вазъи мутантан тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суѓд ва Раиси шаҳри Гулистон ба пешқадамони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр мукофоти давлатӣ, ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр супорида шуданд.

Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.