zoofirma.ru

8 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла ба манзили собиқадорони соҳаҳои фарҳангу хизмати давлатӣ Римма Беляева ва Санавбар Нуриллоева ташриф оварда, онҳоро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавому рӯзгори обод таманно кард.

Қайд гардид, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ба таври доимӣ аз ҳоли собиқадарон бохабар гардида, барои дастгирии моддиву маънавии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

 

Аёдатшудагон барои ҳусни таваҷҷуҳ ва дастгириҳо ба роҳбарияти олии мамлакат миннатдории самимии худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд