zoofirma.ru

3 апрел дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оид ба шанбеи сеюми ҳар моҳ гузаронидани Рӯзи санитарӣ ҳашари тозагӣ баргузор шуд.

Намояндагони ташкилоту корхонаҳо, омӯзгорону толибилмони таълимгоҳҳо, аҳолии Ҷамоати шаҳракҳо ва кулли шаҳрвандон дастаҷамъона ба ҳашар баромада ҳудуди коргоҳ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва гирду атрофи манзили зистро аз партовҳо тозаву озода намуданд. Мақсад аз роҳандозии ин тадбир боз ҳам таъмини ободу зебогии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» аст.