zoofirma.ru

«Забон ҳастии миллат»5 - уми октябр дар толори хониши китобхонаи системаи марказонидашуда бо чунин унвон маҳфили адабӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони илму адаб, фарҳанг ва ихлосмандони шеъри Аҷам иштирок доштанд. Директори боргоҳи маърифат Бибиомина Мирзоева оид ба забон ва мавқеи он дар ҷомеа сухан гуфта хидматҳои назарраси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди забони тоҷикӣ таъкид намуд. Назди ҳозирин узви доираи адабии «Илҳом» Рафоат Худойдодова, навқалам аз гимназияи ба номи Б.Ғафуров Умедҷон Ҳоҷиев намунаҳо аз  эҷодиёти хешро қироат карданд. Толибилмони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр Усмонбек ва Умарбек  Муллобековҳо, Санавбар Ғаниева вагуруҳи хонандагони суруду саҳначаҳоро манзури ҳузурдоштагон намуданд. Маҳфили «Забон ҳастии миллат» бо саволу ҷавоб ҷамъбаст шуд.