zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз участкаҳои интихоботии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраки Сирдарё, Чоруқдаррон ва Консой боздид ба амал оварда, бо вазъи ободонӣ ва таъминоти онҳо огаҳӣ пайдо намуд.

Раванди боздид маълум намуд, тамоми участкаҳои интихоботӣ ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан омода буд, дар участкаҳо тамоми шароити мусоид ба интихобкунандагон фароҳам шудааст. Участкаҳо тозаву озода, шиору овезаҳои пурмазмун ва таблиѓотиву ташвиқотӣ тавассути девораҳо насб гардидааст. Утоқҳои овоздиҳӣ дар ҳолати корӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мусоид буда, хонаи модару кӯдак, ҳуҷра барои маъюбон ва шахсони бемор низ муҳайё аст.

Ҳар як участкаҳои интихоботӣ бо лавҳа ва гӯшаҳои интихоботӣ таъмин гардида, бо лавозимоти иттилоотӣ, канселярӣ, ки аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидаанд, таъмин мебошанд. Дар ҳамаи участкаҳо рӯйхати интихобкунандагон, аз ҷумла интихобкунандагони бори аввал дар маърака иштироккунанда, инчунин шахсони имконияташон маҳдуд барои шиносоӣ омода карда шудаанд. Фаъолияти кории аъзои комиссияҳо участкавӣ тибқи қонунгузории интихобот ҷараён дорад.

Ҳамчунин Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба раисони участкаҳои интихоботӣ дар бораи муташаккилона баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои зиддиэпидемикӣ, фосилаи овоздиҳандагон, таъминоти маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобу дастпӯшак, ҳароратсанҷҳо ва ободонию сабзкорӣ дастурҳо дод.