zoofirma.ru

Дар ҳошияи филми мустанади “Хиёнат-5

Таърих гувоҳ аст, ки куштор ва маҳв намудани фарзандони баруманди миллат яке аз ҳадафҳои асосии ҳизби мамнӯъшудаи экстремистӣ-террористии назҳати ислом будааст. Филми мустанади “Тоҷикфилм” таҳти унвони “Хиёнат-5” инро бори дигар бо далелу арқоми раднопазир ва гувоҳии сокинони сершумор собит намуд.

Тамошои ин филм касро ба даҳшат меандозад, ки чи гуна бояд махлуқ шуд, ки чунин ваҳшониятро нисбати инсон раво донад. Дигар ин чи ҳизбу ин чи ислом аст, ки ҷаҳолату разолатро мепарастад ва даъвои худсафедкунӣ дорад? Гап дар сари коса неву нимкоса аст. Ин ҳама ба хотири як чиз бунёди давлати зулму истибдод ва ҷаҳолатпарастӣ, ки зери ниқоби ислом тарҳрезӣ шудааст.

Ҷанги шаҳрвандӣ, ки онро аъзои ҳизби экстремистӣ-террористӣ ва манӯи назҳат ба сари мардуми тоҷик бор кард, дар таърихи миллат гушношуниданӣ аст. Гаравгон гирифтан ва қатлу ғорати ҳаммиллати худ, халқи худ маҳз дар сурати манфури наҳзатиён дар ҳудуди Тоҷикистон зуҳур намуд. Ислом ниқоби хубе буд, барои роҳбарон ва ҳадафҳои нопоки ин тоифа.

Аз соддагӣ ва дилсофӣ, тинати поки мардуми мо назҳатиён ва хоҷагони онҳо ва ҳам зархаридон хеле хуб истифода намуданд. Ҳатто онҳо тавонистанд орзуву омоли миллати бостониро, яъне
ҳисси истиқлолхоҳии миллатро ба маҷрои дигар ва ба гирдоби даҳшатноки ҷанги шаҳрвандӣ кашанд.

Террори зиёда 150 нафар шахсони барӯманд, аз ҷумлаи сари сабади миллатамон, ки дар филми “Хиёнат” бо далелҳои дақиқи собит карда шудааст, аз қабили академик Муҳаммадҷон Осимӣ, доктор Исҳоқӣ, прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, рӯзноманигорон Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Муродулло Шерализода ва дигарон магар хиёнат ба миллати фарҳангӣ нест? Ин хиёнати гӯшношунид дар таърих аст! Онро бо хоҷагонашон наҳзатиён ба нақша  гирифта амалӣ карданд, то миллатро аз нобиғаҳояшон ҷудо кунанд. Миллати тамаддунофарро ба торикиву зулмат ва ҷаҳолат оғушта намоянд.

Ба як далел диққат диҳем. Маҳмадшариф Ҳимматзода, собиқ раиси ҳизби наҳзати исломӣ,  дар мусоҳибааш барои рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯйирост изҳор дошта буд, ки 27 ҳазор ҷангиёни силоҳдори наҳзатиро омода сохтаанд. Онҳо ба гурӯҳе, ки на силоҳ доштанд ва на омодагӣ ба ҷанг «ҷиҳод» эълон карданд. Яъне, рӯирост ҷиҳодашонро ба муқобили миллату халқи оддӣ эълон намуданд. Ин ваҳшоният магар собиқа дорад ва ё фаромӯш мешавад? Ҳаргиз!

Иғвоангезӣ табиати душманони миллати тоҷик ин аст, ки дар остонаи ҳар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, иду ҷашнҳои миллӣ бар зидди манфиатҳои давлату миллат бо дастгирии маблағҳои ҳангуфти ҳомиёни либерали ғарбии худ амалӣ мекунанд. Мутаассифона, чунин ашхоси тамаъҷуву мансабталошро пуштибонӣ карда, ба сари мардуми оддӣ кулфату дарду ғам меоранд. Мехоҳанд, ки мо ғуломи ҳалқабаргӯшашон бошем, аз хати кашидаи онҳо набароем. Роҳи мустақили рушди миллату давлатамонро надошта бошем. Афсӯс, ки онҳо бо ин амалҳояшон ба ҳован об кӯфтаанд. Миллати фарҳангсолори тоҷик, халқи Тоҷикистон имрӯз роҳи хоссаи рушду инкишофи худро муайян кардааст ва он дар Конститутсияи кишвар бо хати зарҳал навишта шудааст, ки мо давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона ҳастем. Иродаи қавӣ ва маҳкам дорем. Дар зарфи 30 сол ба дастовардҳое расидааем, ки дар таърих назир надорад. Дар ҷодаи бунёдкорӣ, созандагӣ ирода ва азми қавӣ дорем.

Филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти дақиқи бойгонӣ омода шудааст, ки воқеият ва асли рӯйдодҳоро таҷассум мекунад. Аз амалҳои даҳшатноку хунини наҳзатиҳо дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маълумот медиҳад.

Дар таърих ба ягон рӯйдод ва ё марҳилаи он баҳо додан хеле душвор аст. Вале маҳз чунин филмҳо, маводҳо метавонанд қилро аз хамир ҷудо кунанд. Аҳсан ба “Тоҷикфилм”, ки бо чунин заҳматҳои зиёд ва сангин як маводеро таҳия намуданд, ки аз тамошои он дар бадани инсон мурғак медавад. Касро ба андеша водор месозад. Дар ин маврид набояд бетарафӣ, беэътиноӣ зоҳир кард. Мавқеи устувор бояд дошт. Ҳушёр мебояд буд! Филм ҳушдорӣ аз “Хиёнат”-ҳо аст.

«Хиёнат» бинандаро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки агар хиёнатҳо дар пушти ҳазор парда бошад ҳам, ҳазор ранг дошта бошад ҳам ва хоҷагони пулдору сарватманд дошта бошад ҳам рӯзе он ошкор мегардад ва ба он баҳои ҳаққонӣ дода мешавад.

Илҳом Мадализода,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон