zoofirma.ru

Пленуми Шӯрои собиқадорон8 октябр дар толори шуъбаи маориф пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр доир гардид. Пленум бо баромади раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Муҳсин Раҳимов оғоз ёфт. Иштирокчиён 4 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аъзоёни Шӯро Н.Мирзорахимова, Т.Эгамбердиев ва А.Қодиров аз рӯи масъалаи якум оид ба интихоби раиси Шӯро баромад карда номзадии М.Файзуллоевро пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи овоздиҳии кушод Муҳаммадҷон Файзуллоев раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қайроққум интихоб гардид.

Ҳайатҳои нави Шӯро, комиссияи тафтишотӣ ва раёсати Шӯро низ муайян гардиданд. Дар интиҳои пленум мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода доир ба вазифа ва фаъолияти минбаъдаи Шӯро ҳарф зад.