zoofirma.ru

Барои таъмини намудани аҳолӣ бо маводи ниёзи мардум дар маркази шаҳр барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ярмарка-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ташкил карда шуд.

Зимнан гуфт, ки дар ярмарка-фурўши маҳсулоти ниёзи мардум корхонаҳои шаҳр ҶДММ «Фаровон-1», «Мурғи аълосифат», “Моҳипарварии Гулистон”, хоҷагии асалпарварии ноҳияи Ашт, хоҷагии деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолона иштирок намуда, маҳсулоти худро аз қабили пиёз, сабзӣ, гўшти мурғ, тухм, моҳӣ, орд, мева, полезӣ ва сабзавоти гуногун ба сокинони шаҳр пешкаш намуданд.