zoofirma.ru

Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣҚарори навбатии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таҳти №250, аз 30 сентябри соли 2015 «Дар бораи барои даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1888-1997 ба хизмати ҳарбӣ моҳҳои октябр-ноябри соли 2015» ба тасвиб расид. Мувофиқи қарори мазкур дар ҳудуди шаҳр шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синнашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда хоҳанд шуд.


Сафи ихтиёриён меафзояд

Тавре аз иттилои комиссияи даъватӣ бармеояд Ҷамоати шаҳраки Консой яке аз аввалинҳо шуда нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро кард. Аз шаҳри Қайроққум то 9 октябри соли 2015  32 нафар ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд, ки ин 62 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.