zoofirma.ru

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дидан карданд.

Нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дар давраҳои серобӣ барои гузаронидани об аз сатҳҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Тарҳи иншоот аз тарафи институтҳои лоиҳакашии “Гидропроэкт”, “Эфрӣ” (AFRY) Поири Швейтсария ва Ширкати лоиҳакашии “Тоно энержи байналмилал” мураттаб гаштааст.

Имрӯз бунёдгарони ин Кохи нур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои корҳоро дар ҳама қитъаҳои сохтмонӣ вусъат бахшида, ба хотири рушди устувори Ватани маҳбуб азму талош ба харҷ медиҳанд.

Дар бунёди баромадгоҳи нақби сохтмонии  СТ-3  чор ширкати ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ “Вахш Сохтмон”, ҶСК “Тоҷикгидромонтаж”, ҶСП “ЗТМ”  ва ҶДММ “Гушикай ЛТД” ҷалб гардидаанд, ки дар онҳо садҳо нафар мутахассисони корозмуда ва дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд.

Айни замон  корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамкунии нишебиҳо аз тарафи пудратчиҳо ҷараён доранд.

Дар баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 корҳои заминӣ ва мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ идома доранд.

То ин давра зиёда аз 4,3 млн. метри мукааб корҳои заминӣ, 233 ҳазор метри мураббаъ корҳои бетонхобонӣ, 99,8 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва дар масоҳати 168 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ иҷро гардидааст.

Дар мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ кор марҳила ба марҳила сурат гирифта, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Сифати корҳои сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони озмоишгоҳ қарор дорад.

Таваҷҷуҳи махсус ва назорати бевоситаву дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар иншооти тақдирсози аср-НБО “Роғун” сабаб гардидааст, ки кор дар асоси нақша ва аз рӯйи лоиҳаи тасдиқгардида идома ёбад.