zoofirma.ru

Маҳфили мусиқии халқӣДар толори хонаи маданияти «Дӯстӣ»-и шаҳраки Адрасмон ба муносибати 65-солагии ҳунармарманди шинохта, танбӯрнавози варзидаи адрасмонӣ Турғунбой Тиркашев маҳфили адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил ҳунармандони варзидаи вилоят Абдураҳмон Ашӯров, Мамадҷон Ҳаитов, Даврон Абдуллоев, Ҷамшед Ғаффоров, Дилфуза Фозилова, Усмоналӣ Рустамов, Абдуворис Абдуҷабборов ва дигарон аз шаҳру навоҳии Спитамен, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ашту Қайроққум ширкат варзида, бо суруду мусиқиҳои ҷаззоби классикӣ ва бо санъати баланди навозандагӣ дар асбобҳои мусиқии танбӯру рубоб, ғиҷҷаку дутор табъи иштирокчиёни маҳфилро болида гардониданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода табрикоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбари адибони узбекзабони Иттифоқи нависандандагони Тоҷикистон Урунбой Усмонов аҷли эҷодкоронро манзури соҳибҷашн намуданд.

Дар маҳфили адабӣ-мусиқӣ намояндагони Ҷамоати шаҳрак, дӯстдорони мусиқӣ наздикони соҳибҷашн иштирок карданд.