zoofirma.ru

Мубориза бар зидди коррупсия – кори умумДар Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Қайроққум бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова, мудири шӯъбаи кор бо бонувони КИ ҲХДТ Саёҳат Бадалова ва мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и  шаҳр Муслимахон Исоқова вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.

Дар мавзӯи «Мубориза бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост» Каромат Қосимова баромад намуда зикр дошт, ки дар кишвари мо Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба зидди коррупсия» қабул гардидааст ва Фармони Президенти мамлакат  аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504   «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2013 -2020» ба тасвиб расида буд, ки барои амалӣ гардонидани он тамоми аҳли ҷомеа вазифадоранд.

Ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар  дар соли 2012 ва дар Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2010-2015 низ қайд гардида буд. Доир ба дар байни аҳли ҷомеа нест намудани кирдорҳои коррупсионӣ, ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия сухан ронда шуд.  Дар интиҳо ба саволҳои донишҷӯён Каромат Қосимова ҷавобҳои мушаххас дод. Устодону донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ҳама якдилона изҳор доштанд, ки иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро таҳти унвони «Амалҳои коррупсиониро маҳкум менамоем»-ро ҷонибдорӣ карда ба зуҳуроти хавфноки ҷомеа – коррупсия мубориза хоҳанд бурд.

Мавлуда Рофиева