zoofirma.ru

Таҷрибаи сиёсии ҷаҳони муосир собит сохт, ки иқтисоди ғаниву устувор ва ҳатто артиши пуриқтидори замонавӣ наметавонад амнияти давлатро ба таври бояду шояд таъмин намояд.

Дар ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва хатарҳои умумибашарӣ танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро аз чунин фоҷеаҳо эмин дошта метавонанд, ки сиёсати озмудашударо бо пуштибонии халқи дорои хирад ва зиракии сиёсӣ амалӣ намоянд. Дар ҳолати акс далел кишварҳои Сурия, Ироқ ва Либия аст, ки сатҳи рушди маърифати сиёсии аксарияти сокинон, аз ҷумла ҷавонон паст буда, оқибат боиси фалаҷ гардидани амнияту субот гардид.

Бархе аз таҳлилгарон ва сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки сокинони кишварҳои мазкур дорои зиракии сиёсианд, вале онҳоро дахолати баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ба ин ҳол гирифтор намуд. Пас, дар ин ҷо суолҳое пайдо мегарданд: Кӣ ва чӣ онҳоро ба ин ҳол гирифтор кард? Агар онҳо дорои донишҳои хуби сиёсианд, чаро ватани худро ба чунин ҳол гирифтор кардаанд? Магар касро ба роҳи бад бо зурӣ бурда мешавад?

Вале собит шудааст, ки дилхоҳ амалҳои манфӣ паёмадаш вобаста аз заъфи донишҳои сиёсист. Бинобар ҳамин, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳед.

Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо низ ба якчанд амалҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабӣ даст зада, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷ рафта, дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд. Чунин кирдорҳои ҷиноятпеша муқобили манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо характери умумимиллӣ пайдо кардааст.

Қобили зикр аст, ки раванди ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб буда, тамоми ҷаҳонро такон дода, на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки дар сайёра хатари умумиинсониро ба бор овардааст. Яке аз чунин гурӯҳҳо «Давлати исломӣ» аст. Тибқи маълумотҳо ҳадафи аслии ин гурӯҳи террористӣ таъсиси хилофат буда, бар зидди давлатҳои низомашон дунявӣ ва демократӣ равона гардидааст. Тибқи нақшаи ин гурӯҳи хунхор бояд ҳамаи давлатҳо маҷбуран ишғол ва тобеи ин “хилофат” гардонда шаванд. Пас дар ин давраи ҳассос моро мебояд, ки ҳамаҷониба пуштибони сулҳу пойдории ваҳдати миллии кишвар бошем.

Субҳон ДӮСТОВ, д

иректори МТМУ №6-и шаҳри Гулистон