zoofirma.ru

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рӯйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд.

Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки бе муҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон неруву тавоноӣ ва умед мебахшад.

Ҳарчанд давраҳои тақдирсози кишварамон бо хотираҳои ибратомӯзу таърихӣ пушти сар шуданд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо - ҷавонон, вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими Истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузург доранд. Бо ибораи Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Пеш аз ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».

Бешубҳа, дар чунин шароит зарур аст, ки асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқӣ манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳанд. Барои насли ҷавони имрӯз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо бояд аз ҳама гуна манфиатҳо бартарӣ дошта, бо роҳу усули муосиру ҷавобгӯ ба талабот Пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад. Бинобар ин моро лозим аст, ки доир ба ин таваҷҷуҳ намуда ба ҷавонон ва насли наврас ҳар чи бештар ҳушёриву зиракии сиёсиро биомӯзонем.

Ҳасанбойи КАРОМИДДИН,

муовини директор оид ба корҳои

тарбияи МТМУ №14-и шаҳри Гулистон