zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода барои шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи муассиса, омодагии муассисаи таълимии миёнаи умумии №1-и шаҳр барои зимистонгузаронӣ ва раванди таълиму тарбия дар муассиса дидан кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса 1902 нафар хонандагон таълим гирифта, дарсҳо дар ду баст ҷараён доранд. Ҳайати омӯзгорон 90 нафарро ташкил медиҳанд.

Директори муассиса Муҳаббат Қўзиева оид ба корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ёдрас шуда, қайд намуд, ки дар муассиса ба миқдори 70 тонна ангишт захира гардидааст. Захираи ҳезум бошад 15 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба масъулини маориф ва сохтмон дар бобати барқарор намудани низоми ягонаи гармидиҳии муассиса, даромадгоҳи бино, саҳни ҳавлї ва ободонии гирду атрофи муассиса вазифагузориҳо намуд. Ҳамзамон, дар бобати саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтмоиёт барои давраи тирамоҳу зимистон барои солҳои 2020-2021 ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.