zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода директори молиявии ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Ҷанг Ҷен Лиро ба ҳузур пазируфт. Аснои суҳбат ҷиҳати густариши робитаҳо қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар - ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидаааст ва  барои расидан ба ин ҳадафи чоруми миллӣ бояд аз ҳамаи имконияти мавҷуда ва шароити мусоиди ҳудуди шаҳри саноатӣ истифода бурда шавад.

Дар ин замина, тазаккур дода шуд, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 1,8 миллиард сомонӣ ва 64 номгӯи маҳсулот истеҳсол намуданд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 15,1 фоизро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ се корхонаи нави саноатӣ бо 165 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.

Директори молиявии ширкати мазкур Ҷанг Ҷен Ли зикр намуд, ки барои баланд бардоштани сифати истеҳсолот ва ба пуррагӣ ба кор даровардани корхона як қатор тадбирҳо андешида мешаванд ва дар ин росто бояд масъулин дар тарғибу ташвиқи истеҳсолот корбарӣ намояд. ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой» беш аз 13 сол инҷониб фаъолияти бонизоми истеҳсолӣ дошта, дар раванди афзоиши ҳаҷми маҳсулот, амалӣ намудани ҳадафи стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ва тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ хеле назаррас мебошад.

Зимни суҳбат Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба роҳандозии бомароми фаъолияти кунунии корхона ва барои беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявӣ, инчунин густариши корҳои ободониву бунёдкориро аз тарафи ширкат таъкид намуд.