zoofirma.ru

ИНЪИКОСИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИИ ҚАЙРОҚҚУМ ДАР ВАО«РӮЗНОМАИ БИНОКОРОН»

Дар шумораи навбатии «Рӯзномаи бинокорон», № 10, аз 28.09. соли 2015, ки нашрияи сартосарии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, аз навгониҳои соҳаи бинокории кишвар гузоришу мусоҳиба, очерку лавҳаҳо ба чоп мерасонад таҳти унвонии «Қайроққум : оғози кори чанд иншооти нав дар як рӯз» матолиби хабарнигор Ҷовиди Аштӣ ба чоп расидааст. Муаллиф бо истифода аз аксҳои иншоотҳои нав, ширкати бевоситаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода корҳои бомароми созандагиву бунёдкории дар шаҳри Қайроққум анҷомёфтаро воқеъбинона ва таъсирбахш ба қалам додааст.

 

«Ҷумҳурият»

«Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шумораи навбатии худ аз таърихи 13.10. соли 15, №203 навидҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри соҳили «Баҳри Тоҷик»-ро бо хомаронии хабарнигори дар вилояти Суғд будааш Ҷовиди Аштӣ рӯйи саҳифа овардааст.

Муаллиф дар гузориши худ менигорад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ, дар мисоли бунёди иншоотҳои гуногуни аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта дар талош буда, танҳо дар 8 моҳи сипаришуда 6 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолиро мавриди истифода қарор дода, шароит фароҳам меоварад, ки даҳҳо ҷавонон соҳиби ҷои кори доимӣ ва музди хуби меҳнат шаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар баррасии масъалаи муҳим - таъмини тифлакони мардум бо муассисаҳои томактабӣ, ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гаштааст кӯшиш ба харҷ дода, дар ин ҷода қадами ҷиддие пеш мегузорад. Дар шаҳр бо саҳмгузории соҳибкорон аллакай ду кӯдакистони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Навгониҳои дигари дар шаҳр ба вуқӯъ омадаро ҳам ин гузориш фарогир шудааст.