zoofirma.ru

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” - Гулистон ба маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣтаваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Гулистон ба маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат бахшида шуд. Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот ва идораҳои маркази шаҳр фаъолонаширкат варзида, аз даромадгоҳи ғарбии шаҳр то минтақаи ҶДММ “Газпром” беш аз 900 бех дарахтони ҳамешасабзи санавбару ардач шинонида, қариб 100 бех дарахтони бисёрсола, мувофиқи талаботи шаҳрдорӣ аз нав шинонида шуданд. Маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад.