zoofirma.ru

Натиҷаҳо хуб, онро боз афзун мебоядва ё қайдҳо аз маҷлиси фаъолони шаҳр

13 октябри соли 2015 маҷлиси фаъолони шаҳри Қайроққум доир баҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣбаргузор гардид.

Дар ҷаласа мудирони шӯъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони хоҷагиҳои коммуналӣ ва ҳамаи дигар шахсони масъули даъватшуда ширкат доштанд.

Натиҷа бардорӣ аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2015 ва вазифаҳо барои семоҳаи чаҳорум масъалаи асосии ин ҷаласа буд.

Натиҷаҳо хуб, онро боз афзун мебоядҶамъомадро Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мавсуф иброз дошт, ки сарфи назар аз мушкиливу монеаҳои мавҷудаи воқеӣ корхонаҳои саноатӣ дар ин давра ба маблағи 818 млн. 117,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 111,9 фоизро ташкил медиҳад, ё ки ин нишондиҳанда ба маблағи 87 млн. 130,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 98,2%-и ҳаҷми  маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 1,8%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.

Таъмин нагардидани нақшаи афзоиш дар 11 корхонаи саноатӣ аз ҷумла фаъолият накардани 3 корхонаи саноатии шаҳр (ГОК-и Адрасмон, ҶСП Темурмалик ва Матбааи шаҳр) боиси нигаронӣ мебошад.

Мушкилии асосӣ дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ин мавҷудияти қарзҳо аз музди меҳнат, хизматрасонӣ ва андоз мебошанд, ки дар ин самт корбариро пурзӯр кардан зарур аст.

Раиси шаҳр дар баробари таҳлили соҳоти хоҷагии халқ ва роҳҳои пешрафт ҳамчунин нуқсонҳои мавҷударо, ки боиси коҳиш ёфтани истеҳсолот, иҷро нагаштани намудҳои андоз ва сатҳи пасти хизматрасонӣ гаштаанд, ошкор карда, роҳҳои мушаххаси ислоҳро ба масъулин пешниҳод кард.

Дар ҷаласа ҳамзамон Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода аз масъулини сохторхо оид ба вазъи соҳа пурсиш ба амал овард.

Раиси шаҳр, ҳамчунин ҷараёни корро дар соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, рушди ҳунармандӣ, танзими расму оинҳои мардумӣ, вазъи ҷинояткорӣ ва ғайра таҳлил кард.

Дар кори маҷлиси ҷамъбастӣ Аминҷон Бобоҷонов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок ва сухан кард.