zoofirma.ru

Корвон дар Адрасмон

Дар МТМУ № 7-и шаҳраки Адрасмон семинарии навбатии 90-уми Корвони маънавиёт баргузор гардид. Дар раванди семинар чор соат дарси кушоду намунавӣ аз ҷониби омӯзгорон Нилуфар Мурзалиева, Насиба Абдуҷабборова, Райҳона Ҳамзалимова, Тӯйчиқул Усмонов ба вуқӯъ пайваст.

Сарвари «Корвон» Акбаралӣ Усмоналиев дар мавзӯи «Тарбияю таълим масъулияти ҳамагон аст» суҳбати мизи мудаввар доир намуда, дар саҳифаи «Имкон» дар мавзӯи «Барои фардои дурахшон китоб бояд хона» Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзмуҳамади Иброҳим баромад намуд.

Дар раванди семинар маҳфилҳои «Эҳсон», «Забон», «Ирфон» ва «Султон» баргузор гардиданд.

Дар кори семинарии 90-уми Корвони маънавиёт раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов иштирок ва баромад намуд.