zoofirma.ru

Дар маҷлисгоҳи Шабакаҳои барқии Суғд бахшида ба иди касбии барқчиён - Рўзи кормандони энергетика ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Дар ибтидо Хол Ҳайдар, муовини якуми Раиси вилоят табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд. Ғолиб Убайдуллозода, муовини раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, табрикоти раиси ШСХК “Барқи тоҷик” ва Нуринисо Комилзода, муовини аввали Раиси шаҳри Гулистон табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро манзури иштирокчиёни ҷамъомад намуданд. Инчунин Муслимахон Ҷамолиён, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, Тӯра Атамов, директори “Шабакаҳои барқии Суғд” баромад карда барқчиёнро бо иди касбӣмуборакбод намуданд.

Зикр гардид, ки расидан ба истиқлолияти энергетикї яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар раванди ин таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда оғоз гардида, ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

 

Дар интиҳо ба пешқадамони соҳаи энергетика сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, ШСХК “Барқи тоҷик”, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, маъмурияти Шабакаҳои барқии Суғд ва кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Суғд супурда шуд.