zoofirma.ru

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Конференсияи интихоботии Федератсияи футболи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Аҳлиддин Юнусов котиби генералии Федератсияи футболи вилояти Суғд конференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон комиссияи кории Конференсияро интихоб намуданд.

Бо пешниҳоди Раиси Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд ба вазифаи раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон номзадии Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода пешниҳод гардид. Пас аз муҳокима бо овоздиҳии кушод вакилон якдилона Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба вазифаи раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон интихоб намуданд.

Муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Акдодов аз номи раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ин рӯйдоди фараҳбахши варзишӣ ҳамагонро табрик намуд.

Дар интиҳо Раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон, раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода суханронӣ намуда, доир ба нақшаҳои рушд ва инкишофи футбол дар ҳудуди шаҳри Гулситон ҳарф зад. Зикр гардид, ки ба рушд ва инкишофи футболи кўдакону наврасон низ дар шаҳр диққати ҷиддӣ дода шуда, дар шаҳру шаҳракҳо мунтазам мусобиқаҳо оид ба футбол байни кўдакону наврасон, ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун гузаронида мешавад. Футболбозони гулистонӣ дар мусобиқаҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона ширкат меварзанд. Ҷиҳати таъмиру тармими иншооти соҳаи варзиш, бахусус майдонҳои варзишии бозии футбол дар шаҳри Гулистон корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудааст. Алҳол дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати он як варзишгоҳи дорои зиёда аз 2500 ҷои нишаст, 8 майдони варзишии дорои то 1000 ҷои нишаст дар шаҳракҳои Адрасмон ва Консой, 4 майдончаҳои варзишии ба машғулиятҳои футбол мутобиқгардонидашуда дар шаҳракҳои Сирдарё, Чоруқдаррон ва Зарнисор мавҷуд аст. Дар урдугоҳи «Шоҳин» майдони футболи ҷавобгўй ба талаботи стандартӣ бо 624 ҷойи нишаст фаъолият бурда, дар он мусобиқаҳои сатҳи гуногун гузаронида мешаванд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода тазаккур дод, ки мисли солҳои қаблӣ футболбозони гулистонӣ дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун баромад карда, дар онҳо шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”-ро шоиста муаррифӣ хоҳанд намуд.