zoofirma.ru

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳр дар толори маркази таълимии Бонки миллии шаҳр баргузор гардид.

Дар он аъзои Шӯро ва раисони ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Дар Шӯро ду масъала баррасӣ гардид. Аз рӯйи масъалаи якум доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон баён гардидааст, Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр маърӯза намуд.

Дар музокира иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Исмоил Саидов ва чемпиони ёздаҳкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ-до ва ғолиби олимпиадаҳои фосилавии байналмилалӣ Анушервон Комилзода баромад намуда, перомуни китобхонӣ ва дастгириҳои ҳамаҷониба дар соҳаи варзиш ибрози андеша намуданд.

Бо мақсади тақвият ва густариши фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳр нақшаи мушаххас барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Гулистон Баъхтиёр Саидаҳмадзода доир ба тақвияти фаъолияти Шӯро, масъулияти аъзои он, раванди корҳои тарғиботӣ варушди соҳаи варзиш ба масъулин вазифагузориҳои мушаххаснамуд.