zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии кўдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва соҳибкор Турсуной Зокирова туҳфаи солинавӣ дар маркази фароғатии бачагонаи “Манижа” тақдим гардид.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо тазаккури дастовардҳои соли куҳан ва нақшаву ниятҳои неки соли нав бачаҳоро бо Соли нави мелодӣ сидқан шодбош гуфт. Зикр карда шуд, ки кӯдакон дар паноҳи давлат ҳастанд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар пайгирӣ аз сиёсату иқдоми ғамхоронаи Пешвои миллат ва давлат ҳамеша баҳри дастгирии моддию маънавии кӯдакону наврасон ва фароҳамсозии шароитҳои созгори таълиму тарбия ва зисту зиндагонии онҳо амалан мусоидат менамояд.

 

Бояд зикр кард, ки дар маҷмўъ ба беш аз 400 нафар бачаҳо туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд.