zoofirma.ru

Дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намуд. Собиқадорон-Шаҳрвандони фахрии шаҳри Гулистон Муҳсин Раҳимов - Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Санавбар Нуриллоева, Каромат Қосимова ва Рима Беляева солҳои зиёд баҳри пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Гулистон заҳмат кашида, саҳмгузорӣ намудаанд. Ба онҳо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим гардида ва барои хизматҳои шоёнашон ҷиҳати шукуфоии диёри маҳбуб изҳори сипос карда шуд.

Аёдатшудагон барои ғамхории рӯзафзун ба Пешвои муаззами миллат сипосмандии хешро изҳор намуданд.