zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи нақша мулоқоти вакилони Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Мулоқотро мувоини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода ифтитоҳ бахшида, ҳадафҷи онро ба ҳозирин шарҳ дод.

Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №18, “Мастчоҳ” Ғайрат Азиззода доир ба фаъолияти вакили худ дар давоми соли 2020 иттилоъ дод. Ҳамзамон, мавсуф аз дастоварди муҳими Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад ва мазмуну моҳияти соҳибистиқлолиро ба ҳозирин шарҳ дода, аз ҷумла зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ваҳдати миллӣ, ватан, ватандорӣ, худшиносиву, худогоҳӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси миллии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад. Ғайрат Азиззода, ҳамзамон Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи тоҷик»-ро низ шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки сарфаи ҳар як килловат неруи барқ ба манфиати худи мардуми Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз фарҳанги истифодабарии онро мо ба мардум фаҳмонем, ки ба манфиати иқтисодиашон мебошад.

 

Баъдан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода роҷеъ ба самтҳои муҳими фаъолияти парлумони мамлакат, дастовардҳои муҳими истиқлол, эҷоди қонунҳои нав, ҳадафҳои стратегии давлат, дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худшиносививу худогоҳӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, мубориза бар зидди ифротгароӣ ва дигар масъалаҳо сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Зубайда Раҳмонова иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир ба масоили рўзмарра ибрози андеша намуданд.