zoofirma.ru

Санаи 19-уми феврали соли равон, соати 9:00 дар Боғи 24-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида мешавад. Дар ярмарка ҷойҳои холии кории дар шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд буда, барои шахсони корҷӯянда пешниҳод мегардад.

Ҳамчунин шахсоне, ки соҳибкасб шуданро мехоҳанд, метавонанд ба курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи касбҳои гуногун номнавис гарданд.

Шумо метавонед оид ба ҳуқуқҳои меҳнатии худ дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Гулистон маълумоти пурра гиред. Телефон барои тамос (83443) 2-36-67, (92) 612-24-75

Марҳамат ба ярмарка!