zoofirma.ru

Саломатӣ неъмати бебаҳост. Аз ин хотир барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи он маҷмӯи тадбирҳо, аз ҷумла тадбирҳои ҳуқуқӣ андешида мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тандурустӣ қабул шуда, мавриди амал қарор дорад, ки дар онҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои патсиентҳо ва кормандони соҳаи тиб мустаҳкам гардидаанд.

24 октябри соли ҷорӣ дар Маркази саломатӣ таҳти унвонии «Ҳуқуқу уҳдадориҳои патсиентҳо (беморон) дар соҳаи тандурустӣ» семинари омӯзишӣ доир гардид.

Сардори лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон Қаноат Ҳомидова, директори маркази байналмилии тиҷоратии «Арбитр», доктори фанҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ҳусейн Исроил Бобоҷониён, прокурори Раёсати назорати умумии прокуротураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Усмонзода, ҳуқуқшиноси Маркази иттиоотии машваратии Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Шаҳодат Холиқова ва равоншиноси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Рафоат Бобоева дар равиши семинар оид ба паҳлӯҳои ҳуқуқҳои беморон, поймол накардани онҳо аз ҷониби духтурон ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқии аҳолӣ баромадҳои судманд намуданд. Дар охир мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Муслимахон Исоқова ба сухан баромада ба таъсисгарони семинар арзи сипоси Раиси шаҳрро расонид.