zoofirma.ru

Дар доираи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода якҷоя бо ҳайати корӣ бо вазъи имрӯзаи корҳои ободонї ва хуррамгардонии маркази шаҳр шинос гардид.

Нахуст Раиси шаҳр аз Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, доир ба ободонӣ, танзими дарахтон, гирду атрофи он, шинонидани гулҳо ва кабудизоркунии он ба масъулин супоришҳо дод.

Доир ба таҷдид ва азнавсозии даромадгоҳи ғарбии шаҳр Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода оид ба ободонии  ду шафати шоҳроҳи Гулистон-Хуҷанд бо масъулин суҳбат карда,  аз рафти бунёди роҳи пиёдагарди шафати шоҳроҳ, ки дар масофаи 7 километр бунёд гардида истодааст, дидан намуд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода зимни боздид аз кӯчаҳои Мухина, Дӯстии халқҳо ва Мирзо Турсунзода зикр намуд, ки тозаву озода намудани шаҳр ва гирду атрофи ин кӯчаҳо, ки шаҳрвандон ва меҳмонони сершумор рафту омад мекунанд, ҳамавақт бояд тозаю озода бошад ва корҳои сабзгардонӣ, ободонӣ ва тоза кардани ҳудудҳои ташкилоту муассисаҳо аз партовҳо мунтазам амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию комунналӣ”, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, шабакаҳои барқи шаҳр супориши қатъӣ дода шуд, ки баҳри ободу зебо гардидани шаҳр, гулгаштҳо ва равшанидиҳӣ чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.