zoofirma.ru

Санаи 23 октябри соли равон тибқи Низомномаи тасдиқгардидаи Федератсияи варзиши сабуки ҶТ, бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қайроққум дар варзишгоҳи марказии шаҳр мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабуки кӯдакон бахшида ба 21-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур 17 даста-иштирокчиёни синну солашон 10-12 сола аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Истиқлол, Турсунзода, Ашт, Исфара, Б.Ғафуров ва  Мастчоҳ  иштирок карда, аз рӯи 10 намуди шартҳои мусобиқа қувваозмоӣ намуданд. Теъдоди умумии иштирокчиён 205 нафар  буд.

Аз шаҳри мо 6 даста аз МТМУ-и рақамҳои 1, 5, 8, 13, 14, ва гимназия дар мусобиқа ширкат варзиданд. Дастаи МТМУ-и №8 маҳорати хуб нишон дода бо гирифтани мақоми 5-ум шарафёб шуданд.

Дар натиҷа варзишгарони шаҳри Турсунзода сазовори мақоми аввал ва ҷойҳои дуюму сеюм насиби дастаҳои ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ашт гардид. Ҷоизадорони озмун бо Ҷоми хотиравӣ ва Диплому медалҳои Федератсияи варзиши сабук сарфарозонида шуданд.