zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастур ва раҳнамоиҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо азми роҳбарияти шаҳр дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр иқдоми бунёдкорӣ – ҳашари умумишаҳрӣ сурат гирифт.

Дар ин иқдоми наҷиб Баҳодур Шерализода вазири Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдуаҳад Ҳакимзода низ иштирок доштанд. Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ беш аз 28 адад дарахти сӯзанбарги қримӣ ва 200 адад дарахти элдорӣ шинонида шуд.

Дар раванди таҷдиди даромадгоҳи ғарбии шаҳр Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба масъулин доир ба густариш додани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ин макони навободи шаҳр дастурҳои мушаххас дод.