zoofirma.ru

Дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла иншооти варзишӣ ва бачагона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Дирӯз дар маҳаллаи 3 дар шафати биноҳои серошёнаи истиқоматии кӯчаи Дӯстии халқҳо 23 ва 24 боз як майдончаи бачагонаи замонавӣ бо фароҳам овардани беш аз 20 намуди бозии бачагона мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар ин майдон акнун фарзандони сокинони ин кӯчаҳо дар фурсати муносиби фароғатӣ метавонанд ба машқу тамрин ва бозиҳои гуногун машғул шаванд.

 

Зимни боздид аз иншоот Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба сохтмончиён изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба масъулин доир ба тақвияти ин амал дар дигар маҳаллаву кӯчаҳои шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо супоришҳо дода, бо сокинон мулоқот намуда, доир ба вусъати корҳои ободонии маҳалли зист ва ҳифзу нигаҳдории иншоот суҳбат намуд.