zoofirma.ru

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеандт, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон вирди забон шудаанд ва ин мафҳумҳо ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремизм, яъне тундравӣ ва он ба терроризм меорад. Террористон мехоҳанд, ки мақсади худро бо роҳи зӯроварӣ, тарсу ваҳм ва куштор амалӣ созанд. Онҳо бар зидди сиёсати давлат кор мебаранд, одамонро аз Ватан дур месозанд ва ҷомеаро хароб мекунанд.

Имрӯз терроризм ва экстремизм дар тамоми ҷаҳон ба яке аз падидаҳои хатарнок табдил ёфтааст. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ва ба осонӣ ба онҳо пайравӣ менамоянд. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас дар тамоми ҷаҳон мебошад.  Ҷавонони имрӯза аз сабаби набудани ҷойи кори муносиб ё ин ки пайдо нанамудани шароити хуби зиндагӣ, паст будани сатҳу саводнокӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, беназорат мондан  ба ингуна гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шуда истодаанд. Вақте ки ҷавонон бекор мемонанд, ё ин ки дар муҳоҷирот дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмарра даст ба ҷиноят мезананд бо ин гурӯҳҳои номатлуб кор мебаранд. Онҳо мехоҳанд, ки бо ин роҳ мушкилоти худро ҳал намоянд. Мутаасифона мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.

Ин амалу зуҳуроти хатарафзо метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ҶҶI табдил ёфтааст. Дар кишвари мо мақомоти дахлдор барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Барои ҳамин терроризм ва экстремизмро дар кадом шакл ки набошад, бояд қабул накунем. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ  тарбия намоем. Инчунин, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро пешгирӣ намоем.

Мубориза бар зидди экстремизму терроризм вазифаи ҳар як инсон мебошад.  Барои ҳамин мо - мардумони Тоҷикистон Ватани худро, халқи худро бояд аз ингуна зуҳуроти хатарнок ҳимоя кунем ва барои ободии Ватан аз таҳти дил хизмат намоем.

Насиба МИРЗОҚОДИРОВА,  омӯзгори фанни биология ва химия

МТМУ №7 ба номи Умари Хайёми шаҳраки Адрасмон