zoofirma.ru

Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кохи варзишии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бо иштироки шаш дастаи яккачини бонувон аз ҷомеаҳои меҳнатии ҳудуди шаҳр мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол барои гирифтани Ҷоми Раиси шаҳр баргузор гардид.

Тими яккачини коллеҷи тиббии шаҳр ғолиби мусобиқа гардида бо диплом ва ҷом қадршиносӣ карда шуд. Дастаҳои яккачини маркази саломатии маркази шаҳр ва муассисаи таълимии рақами 5-и шаҳраки Адрасмон ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

 

Ҳамзамон, дастаҳои МИҲД-и шаҳр ва ҷамоати Сирдарё, варзишгарон беҳтарини мусобиқа Муслима Махсудова, Шаҳодат Холиқова, Мавзуна Раҳимбоева, Фарангис Рустамова ва Мавлудахон Маюнусова бо сипосномаву туҳфаҳо сарфароз гардиданд.