zoofirma.ru

Саҳм дар иҷрои қарорҶиҳати амалисозии қарори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таҳти №1, аз 5 январи соли 2015 оид ба ҳадафи густариши варзиш ва таблиғоти тарзи ҳаёти солим «Дар бораи эълон намудани Рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ» дар шаҳраки Зарнисор тадбирҳои  зиёде  роҳандоз ӣ мешавад.

-Шанбеи  чоруми ҳар моҳ бошандагони шаҳрак ба майдончаҳои варзишӣ баромада аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш байни ҳам қувва меозмоянд. Хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 10, 6, 15 ва кормандони Ширкати куҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой аз фаъолони мусобиқаҳои варзишӣ ҳастанд, - аснои суҳбат иброз дошт, раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Шаҳло Шарифова.

Дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ саҳми мураббии мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳр Гулмаҳмад Мирмаҳмадов хеле калон аст. Варзишгарон дар равиши чорабиниҳо аз хизмати ройгони тиббӣ таҳти сарварии Юнус Сабуров бархӯрдоранд.

Густариши варзиш дар шаҳрак баҳри иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ заминаи мусоиде гардида истодааст. Варзиш сол то сол дар Зарнисор оммавӣ мегардад.