zoofirma.ru

Тенниси рӯи миз31 октябр дар шаҳраки Зарнисор ба муносибати 21-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии тенниси рӯи миз доир шуд. Дар даври ниҳоӣ ғолибон муайян шуданд. Корманди саридораи ШСКТХ Ши Бо Ся мақоми аввал, Руслан Абдурашид, аз қисми низомӣ ва Ғафурҷон Латифов, сармуҳосиби кумитаи иттифоқи касабаи ширкат ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.

Раиси кумитаи иттифоқи касабаи ШСКТХ Ҳоҷимуҳаммад Салимзода ба ғолибон Ҷоми мусобиқа ва диплому мукофотҳои хотиравиро супорид.

Вакилони Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Раҳматҷон Мадаминов ва Рӯзибой Рӯзиев дар фарҷом роҷеъ ба моҳияти санади олии кишвар – Сарқонун назди ҷамъомадагон баромад намуданд.